БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занони фаъоли ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд

  ЁВОН.Воқеан  зан модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад. Зеро модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавонони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати Модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст.  Бузургони олам дар назди манзалати зан модар сари таъзим фуруд овардаанд. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Аз ин рӯ, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша марҳами дили мост.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар арафаи Рӯзи Модар бо мақсади эҳтиром гузоштан ба зан-модар ба 28 нафар занони фаъоли ҳизб, ки синну солаш аз 100 боло ва занони ҳунарманду чирадаст бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои идона қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg