БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз масъулияти баланди ватансозии мо вобаста аст!

ДӮСТӢ.Тибқи ӌадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иӌроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эшбек Сатторов» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар рафти чорабинии ҳизбӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, инчунин оид ба  баланд гардидани масъулияти шаҳрвандӣ баҳри иҷрои  корҳои созанда дар пайкори хоӌагидорӣ маърӯза пешниҳод намуданд. 

Дар чорабинии мазкур вакили Маӌлиси вакилони халқи ноҳия Эшбекова Муқаддас, раиси ташкилоти ибтидоӣ Бобоев Ӌамолиддин ва намояндагони ӌамоати деҳоти Нури Вахш иштирок намуда, баҳри амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  зикр намуданд, ки иқдомҳои ватандӯстонаи ҲХДТ  ҳамеша дар ташкилот дастгирӣ ёфта,  баҳри баланд гардидани ҳисси масъулиятшиносии сокинон, аз ӌумла саҳмдорони хоӌагии мазкур, ки аъзои ҲХДТ мебошанд, ҳамаӌониба кӯшиш менамоем.

Дар охир бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба 4 нафар занону модарони собиқадори хоӌагии номбурда, бахшида ба Рӯзи Модар туҳфаҳо тақдим  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg