БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад

Ҷ.БАЛХӢ.Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки занони фаъол, собиқадорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии тантанави баргузор гардид.                                   

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок намуда бо Рӯзи Модар ва баҳори оламафрӯз иштирокдоронро табрик намуда, зикр карданд, ки имрӯз занону модарони мо дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатии кишвар сарбаландона фаъолият доранд.

 Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Зан модар аст. Яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меоварад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Модар – зан пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон аст».

Дар анҷоми вохӯри иштирокчиёнро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg