ВОКУНИШ. Тундгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгароӣ боиси нигаронист. Аз ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳояшон қайд менамоянд, ки пеши роҳи чунин ашхосон гирифта шаванд, чунки террористон баҳри ниятҳои нопокашон ба ҳама корҳои ғайриинсонӣ қодиранд. Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Точикистон қайд намуда буданд: “Террорист – Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Далели гуфтаҳои боло он аст, ки ташкилотҳои террористии ҷаҳон айни ҳол аз намояндагони халқу миллатҳои гуногун таъсис дода шудаасту гӯё баҳри таъсиси давлати ягонаи мусулмонӣ мубориза бурда истодаанд. Аммо бояд қайд кунем, ки амалҳои террористие, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар ҳудуди давлатҳои мусулмонӣ мавриди амал қарор медиҳанд, боиси марги мардуми бегуноҳи ин сарзаминҳо мегардад. Сарварони гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз ҳисоби манфиатҷӯён ва манфиатдорон силоҳнок шуда, барои давлатҳои хурд-хурди мусулмоние, ки дар арафаи рушд ва тараққиёт мебошанд, хатарҳои зиёдеро оварданианд. Яке аз чунин давлати рӯ ба тараққӣ ё рушдкунанда Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад, ки баъди соҳибистиқлол гаштанаш таҳти сарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Аз ин пешрафт ва амонӣ душманоне ки айни ҳол дар хориҷи мамлакат сиёсати зидди давлати Тоҷикистонро ба воситаи фазои итилоотии интернет пеш бурда истодаанд, хушҳол нестанд.
Сарварони гурӯҳҳои террористӣ дар сомонаҳои худ муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки тӯли солҳои охир ба даст овардааст, ифшо накарда, корҳои муғризонаи худро нисбати Сарвари давлат нашр мекунанд, ки аз ин амалашон нафрати кулли сокинони Тоҷикистони азиз нисбати бадхоҳони миллат зиёд гардидааст.
Бадхоҳони миллат худро ғамхору меҳрубони миллат муаррифӣ намуда, дар сомонаҳои худ нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳо меронанд, ки ягон асосу далелҳои шаръӣ надоранд. Аз ин хотир ман ҳамчун аъзои ҷомеаи имрӯза аз шумоён ва ҳаммаслаконатон пурсиданиам, ки агар шумо дар Тоҷикистон вақти кор ва зиндагӣ карданатон ягон кори сахову неке ба сомон мерасондед ва вақти муваффақ нашуданатон дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба хориҷ гурехта зери домони хоҷаҳои худ паноҳ нашуда дар Ватан паҳлуи халқу миллати хеш истода дар корҳои ободонию созандагӣ содиқона хизмат менамудед.
Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар он мардумони солҳои 90-уми асри гузашта нестанд, ки ба доми фиреби шумо афтанду боз халқи осударо ба гирдоби ҷангу хунрезиҳо кашед. Мардуми тоҷик барои худ Сарвар, Пешво, роҳнамо, мушкилкушо ва дармонбахш дошта, таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои муроди хеш устуворона, ҷасурона қадам гузошта истодаанд, ки ба шумо барин нопокон, ватанфурӯшон, миллатфурӯшон ҳаргиз боварӣ ва эътимод надоранд.
Каримов Пирмуҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара