БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафҳои олии ҲХДТ-ро таъмин месозем!

А.ҶОМӢ.Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия  Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор ва раисону фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур масъалаи «Дар бораи қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аз 20 феврали соли 2019, «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказӣ, санаи 7-феврали соли 2019 ироа гардид» мавриди баррасӣ қарор ёфта, нисбати он қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ҳамчунин, аз ситоди обуна натиҷагирӣ карда шуда,  ҷойи якум ба ташкилоти ҳизбии “Иттифоқ”, ҷойи дуюм ба ташкилоти ҳизбии “Шаҳрак” ва ҷойи сеюм ба  ташкилотҳои ҳизбии “Қ.Ғиёсов” ва “Дӯстӣ” сазовор дониста шуда,  бо Сипосномаю мукофотҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg