ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи иҷтимоӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон чорабинии ҳизбӣ сурат гирифт.
Дар рафти чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.
Ҳамчунин дар рафти баромадаш Асалмамад Бекмамадов қайд кард, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан ҳамчун ояндаи давлату миллат эътибори хоса медиҳанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Ҳифзи иҷтимоӣ» дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба хотири эҳтироми зан- модар ба занҳои фаъоли ташкилоти ҳизбии болозикр туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.