БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём ба мардум зиндагии шоистаро эҳдо намуд

ҚУБОДИЁН.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заркамар” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   баргузор гардид, ки дар он Шарифзода Маҳмадаюб  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавсуф   зимни андешаронӣ оид ба амалигардонии вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон муайян шудаанд, ёдовар шуда иброз дошт, ки  иҷрои саривақтии мақсаду маром ва  ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар аъзои ҳизб бояд буда, моро месазад баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg