КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи модар вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти итидоии ҳизбии “Омӯзгор” Даминова Арафамо иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Орзу Ҳамидиён бо фарорасии фасли зебои сол - баҳори оламафрӯз ва ҷашни модарон ҳамаи занону модаронро табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагӣ орзу карданд.
Инчунин, Даминова Арафамо изҳор кард, ки модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад. Аз ин рӯ бо мақсади гиромидошти зан-модар ҳамасола 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад.
Дар рафти вохӯрӣ ба занони собиқадор Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.
Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як оилаи камбизоат ёрии моддӣ, аз лиҳози хӯрока кӯмак расонида шуд.