БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар беҳтар зи ганҷи қорун бувад…

Ш.ШОҲИН. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.Вохӯриро  раиси ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» Қамарзода Умар  кушода,  доир ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар,   Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳидоят кард. 

Инчунин, Неъматов Абдуҷаббор  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сухан баромада,  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шахсони бекор ба корҳои хонагӣ, аз ҳисобпаст кардани шиддати бекорӣ ва  баланд бардоштани сатҳи зиндагиисокинон  суханронӣ намуд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg