![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%A1%D0%A3%D0%91%D0%9E%D0%A2%D0%9D%D0%98%D0%9A%20%281%29.jpg?itok=HbnqHhGA)
ШАҲРИТУЗ.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наврӯзи байналмилалӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар боғи Марказии ноҳия корҳои ободонӣ гузароинида шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шаропов Ҳомидҷон иштирок дошта, дар корҳои нарм кардани замин, тоза намудани алафҳои бегона ва шинонидани гулҳои рангоранг машғул шуданд.