ҲАМАДОНӢ. Ба муносибати ҷашнгирии Рӯзи Модар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо бонувони фаъоли деҳаи Тудабоёни ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрӣ гузарониданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода зимни вохӯрӣ бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда афзуд, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгириик мавқеи онҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат суханронӣ кард. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ба 7 нафар занони фаъоли деҳа Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро супорид.
Ҳамзамон ба 4 нафар занони бемору барҷомонда аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия кӯмаки пулӣ расонида шуд.