ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди бинои маъмурии ҳизб бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ гузаронида шуд.
Дар корҳои ободониву кабудизоркунӣ иштирокдорон гирду атрофи бинои маъмуриро аз партову алафҳои бегона тоза карда, дар шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасаб ва гулҳои рангоранги мавсими саҳм гузоштанд. Баргузории чунин корҳои созандагӣ ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид роҳандозӣ карда мешаванд.