КӮЛОБ.Ҳамасола дар саросари мамлакат 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин тибқи даструти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба ин санаи фархунда чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ ташкил ва баргузор гардиданд.
Бахшида ба Рӯзи модар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон”, доктори илмҳои физика, ректори ДДК Абдуллло Ҳабибулло ва дигар фаъолони ҳизб ҳузур доштанд.
Ба чорабинии мазкур Абдулло Ҳабибулло ҳусни оғоз бахшида, баъдан сухан ба Орзу Ҳамидиён дода шуд.
Зимни баромад Орзу Ҳамидиён модарону бонувони ба муносибати ҷашни фархунда - Рӯзи модар табрик гуфта, ба онҳо тандурустиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу карда, дар идомаи суҳбат модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон унвон намуданд.
Бо мақсади қадршиносӣ аз заҳматҳои занон, дар идомаи чорабинӣ фаъолзанони ҳизбӣ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони ватан” барномаи фарҳангӣ ҳамчун гулдаста пешкаши ҳозирин гардид.