БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дасти кӯмак дароз намудан ба ниёзмандон қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост!

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик   дар доираи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбӣтаҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии “Маркази Назорати давлатии санитарию эпидемологӣ”-и  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Раҷабзода Маҳмадсаид доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуд.

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Кавгов Муслиҳиддин ба як нафар шахси ниёзманди ҷомеа аз  ҷамоати  деҳоти Танобчӣ кӯмаки  ғизоӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg