БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҳаллаи обод симои сокинони бомаърифати онро инъикос мекунад!

ПАНҶ. Бо  мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, тарғибу  ташвиқи фарҳанги миилӣ, инъикоси санъату анъанаҳои халқӣ ҷиҳати  зинда намудани суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи маънавии ҷавонон,  мустаҳкам намудани  дӯстӣ ва пояҳои Ваҳдати миллӣ бахшида ба Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки  аъзо ва  ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Гулобод-1”-и ҷамоати деҳоти Нури Вахдат вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳошимов Тоҳир мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба эълон гардидани соли 2019 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади вусъат бахшидани ҳалли масъалаҳои дар Паёми Пешвои миллат баррасигардида ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот ин солро чунин унвон намуданд.

Ҳамзамон, ҷиҳати пурра ва самарнок татбиқ шудани ин ҳадафҳо  барои ҳизбиён ин сол Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ эълон гардид. Дар ин росто, қайд шуд, ки  робитаи қавӣ доштан бо халқ  ва ифодакунандаи  ормонҳои бисёрсолаи он будан асоси фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар идома қайд гардид, ки Аксияи тарғиботӣ-амалии  «Якҷоя ҳал мекунем!» ки аз нимсолаи дуюми соли 2018 оғоз гардида буд, то соли 2021 идома меёбад. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Зарринкамар” баҳри амалӣ намудани ҳадафу кору пайкори созанда ва ободкоронаи давлату Ҳукумат ва Сарвари хирадпеша тасмим гирифтанд, ки корҳои ободониро бештару хубтар ба роҳ монанд.

Дар ин рӯзи ободонӣ сокинон ба тоза кардани саҳни чойхонаи маҳалла, рангу бор кардани дару тирезаҳои он машғул шуда, замини наздиҳавлигиро нарму мулоим карда, дарахтони боғу токзорҳояшон ба тартиб дароварда шуд. Иловатан, бо қувваи сокинон роҳҳои тангкӯчаҳои маҳалла  сангфарш карда шуданд.                                                                                    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg