БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз оромии Ватан шаҳодат медиҳад

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодааст.  

Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳбалад»  оид ба  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2018 ироа гардид,  бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Роҳбалад” вохӯрӣ доир карда шуд.

Аксияи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Роҳбалад” ва кормандони ташкилоти номбурда,  инчунин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии  ҲХДТ роҳандозӣ карда шуда,  аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ дохили бинои ташкилотро таъмири замонавӣ намуданд.

Инчунин, зимни гузаронидани Аксия раиси ташкилоти номбурда  кормандонро ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуда, қайд кард, ки ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки барои сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg