БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модар сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ

ҲАМАДОНӢ. Ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба 10 нафар занони  фаъоли Корхонаи хоҷагию манзилӣ-коммуналии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард. Ҳангоми суҳбат бо занон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занон суханронӣ карда, афзуд, ки имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19% ва дар ҳаёати хизматчиёни давлатӣ мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25%-ро занону духтарон ташкил медиҳанд. Мо бо азму ирода ва масъулитии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътиқоди комил дорем. Баробари ин медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад, омадааст дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат. Дар навбати худ занони Корхонаи хоҷагию манзилӣ-коммуналии ноҳия ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg