БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маҳаламон оғоз мешавад!

КУШОНИЁН. Дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони маҳаллӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳо мекӯшанд дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми худро гузоранд.

Дар деҳаи Гули сурхи ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аксияи ҳизбиро соҳибкорони маҳаллӣ, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  бо хушнудӣ  дастигирӣ намуда,  ба сохтани як бунгоҳи тиббӣ шурӯъ  карданд, ки пас аз бунёди бунгоҳи тиббӣ ба сокинони деҳа хизмати тиббӣ хоҳад расонд.

Дар охир ба ҳамагон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg