БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Танҳо меҳнат моро ба зиндагии арзанда мерасонад!

ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЗДЗ” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Дар хониши сиёсӣ  мудири шуъбаи  кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдурахимова Фирӯза иштирок дошта,  дар мавзӯъи “Танҳо меҳнат моро ба зиндагии арзанда мерасонад!” сухан намуд.  Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳарф зада,  қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифтанд ва бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда, дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад.

Дар қисмати амалии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  аъзои ташкилоти ибтидоии “ЗДЗ” дар таъмири капиталии утоқҳои кории худ саҳм  гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg