А.ҶОМӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зарнисор»-и назди ҶДММ «Баракати Ҷомӣ» оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои террористиву экстремистӣ, дар сатҳи баланд ва дастовардҳои назаррас таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, ҳозиринро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ раҳнамоӣ карданд.