БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маҳаламон оғоз мешавад

ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳрвар»-и ҷамоати деҳоти Чубек хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд.

Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, зикр намуд, ки дар натиҷа итадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 15 феврал то 17,3% афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бодарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад, гуфт дар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба ҷӯйбортозакунӣ ва сафед кардани дарахтон машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg