ФАРХОР. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фирӯз”-и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ доир карда шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ бо дастгирии сокинон роҳи байни деҳа сангфаш ва дар масофаи зиёда аз 180 метр новаи обгузари бетонӣ, ки сохтмонаш идома дорад. Сокинон тасмим гирифтанд, ки корҳои ободониро то фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ба охир расонанд.