БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гулпарварӣ хоси мардуми бомаданият аст!

КӮЛОБ.Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаҳои гулшинонию ниҳолшинонӣ бахшида ба истиқболи Нарӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Ҷумҳурии Тоҷикитон вусъати тоза касб намудааст.

Бо чунин ниятҳои созанда, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзеъҳои муайяни шаҳр, ки ба кабудизоркунӣ ниёз доштанд, гулҳои садбарги дарозумр шинонида шуда, ба вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф такони нав бахшида шуд.

Дар Аксияи ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, инчунин аъзои фаъоли ҳизб Хоҷамқулов Абдуразоқ ва Боронов Нураҳмад иштирок дошта, аз раванди корҳо дар ин самт дидан намуданд. Дар ҳашари гулшинонӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Ниҳолпарвар”, “Ватаншо Шамсов”, “Сангаҳмад Даминзода”, “И. Сомонӣ-3”, “Телеком-2”, “Синамо”  ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат варзида, саҳми худро гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин рӯз, бо меҳнати дастаҷамъона аз назди даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб то наздикии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 дар ду тарафи шоҳроҳ дар ҷойҳое, ки ҳанӯз гул шинонида нашуда буд, гулҳои садбарг шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар давоми ҳафтаи гузашта аз ҷониби фаъолони ҳизб ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб беш аз 10000 гулҳои садбарг ва беш аз 400 ниҳолҳои ҳамешасабз дар ду тарафи роҳҳо ва дохили ташкилоту муассисаҳо шинонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg