Ҷ.БАЛХӢ.Мувофиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асоев Хизриддин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каленин”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Сараввал Алиев Зафар оид ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», инчунин оид ба эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуд.
Вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Каленин” ба як нафар маъюб ба маблағи 50 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.