БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табрикоти Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тамоми бонувони арҷманди вилоятро ба фарорасии Рӯзи Модар табрику муборакбод мегӯяд.

Дар фарҳанги миллати тоҷик зан-модар ҳамчун олиҳаи ҳаётбахш аз мақому манзалати баланде бархурдор буда, ҳазорсолаҳо боз эҳтирому эътибори хосаеро соҳиб аст. бархурдор аст. Бо дарки нақши Модар дар ташаккули миллат, шахсияти ҳар фарди ҷомеа ва таровату зебогӣ бахшиданаш ба зиндагӣ мо аз қадимулайём таваллуди духтарро дар хонадони худ мояи ифтихору шодмонӣ медонистем.

Хушбахтона, ин анъана дар пайи сиёсатҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигарбора эҳё гардид ва дар тақвими мо рӯзе ба унвони Рӯзи Модар муайян карда шуд. Тавре Пешвои миллат қайд намудаанд: “Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонида, онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст”. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон нангу номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Бигзор Модарони сарбаланди тоҷик ҳемеша хурраму тандуруст ва дар фазои сулҳу ваҳдати комил зиндагии осудаву рӯзгори пурсаодат дошта бошанд.

Ид муборак Модарони гиромӣ!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg