ВОКУНИШ. Дар воқеъ, Истиқлолият-неъмати бузургест, ки тоҷикон тӯли дарозои таърих баъди ҳазорсолаҳо бо талошҳои фарзандони баору номуси миллат дубора дар қарни 20-ум ба даст оварданд. Насли калонсол, таърихи ба даст овардану дар солҳои аввали ташкилёбӣ ба нокомӣ дучор гардидани истиқлолиятро хуб дар ёд дорем ва рӯзҳои вазнину фоҷиабори солҳои авали истиқлолиятсозиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.
Таърих ва таҷрибаи давлатсозии инсоният бори дигар ҳушдорамон дод,ки ба даст овардани озодиву онро ҳифз ва рушду нумӯъ бахшидан кори осон нест. Вале мардуми таҳаммулпазир ва хирадманишии тоҷикон ба фарзанди фарзонаи худ, Пешвои миллат бовару эътимод карданд. Эмомалӣ Раҳмонро раҳбари муаззами давлату миллат интихоб карда, аз пайи ӯ баҳри сохтмони давлатӣ навини тоҷикон ва таҳкими пояҳои истиқлолият қадам гузоштанд.
Шукрона,ки бидуни замон дар фазои сулҳомезу ваҳдатгустарии даврони истиқлолият,ки тавассути сиёсати хирадмандоню оқилона ва инсондӯстиву ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, орому осуда ва дар амну суббот озодона нафас мекашем. Айни замон Тоҷикстон тибқи меъёрҳои демократия давлати озод, ҳуқукбунёд ва дунявиро месозад. Тоҷикистон давра ба давра ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит кард,ки тоҷикон тамаддунофар буданд ва оянда низ метавонанд,к ибо хираду заковати фавқуллодаи хеш дар ҷаҳони муосир нақши сазовор гузоранд.
Мутаассифона, дар асри 21 ба раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодиву молиявӣ рӯ ба рӯ гардиданд. Ногуфта намонад,ки раванди нави сиёсӣ-буҳрони муҳоҷират низ босуръат шиддат гирифта, сайёраро ба ташвиш овардааст. Ҷаҳони муосир ҳар сония ба мушкилотҳои нав ба нав рӯ ба рӯ аст. Хатари терроризм ва экстремизми хусусияти сиёсӣ, маҳалгароӣ ва ифротӣ дошта торафт авҷ гирифта, дар мафкураи инсоният ҳамчун мушкилоти ҳалношуданӣ боқӣ мондааст. Дар ҳамаи давру замон, ҷони инсоният ба хатаре рӯ ба рӯ гардида, вале боа мри тақдиру бо хости Худо (Ҷ) ва фарзандони худогоҳу худшиносаш ба мисли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф гардида омадааст.
Дар давоми 72 соли Ҳокимияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳизби Коммунист ҳизби ягона буд. Баъди ба даст овардани истиқлолият ва варзидани боди демократия дар қатори ин ҳизб,ки ба маънои том ҳизби ҳоким буд, ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф рӯи кор омаданд.
Вале, дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон ҳизбе бо номи ислом фаъолият мекарду ҳамчун ҳизби сиёсӣ барои пешрафту тараққиёти кишварамон ягон манфиате наовардааст. Намояндагони он ҳамеша дар ҷамъомадҳои васеъи оммавӣ худро ҳомӣ ва пуштибони дини мубини ислом шумурда, мақсадҳои нопоки ташкилоташонро,ки дар асоси дастуру супоришҳои хоҷаҳои хориҷиашон бармеомад амалӣ кардан мехостанду халос. Қариб,ки дар ҳама баромадҳояшон рӯирост ва беибову нохалафона аз сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат ва Роҳбари давлатамон ҳарф задаву миллатро, алалхусус ҷавонони онро ба гумроҳи ҳидоят карда, тухми кинаву адовати милливу мазҳабиро дар миёни табақаву қишрҳои мухталифи ҷомеа мепошиданд.
Бидуни замон,ки фаъолияти ин ҳизби наҳзатӣ,ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон дар каламрави кишвар, ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ мамнуъ эълон карда шудаасту раҳбари ҷинояткори он Муҳиддин Кабирӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, имрӯз дар Аврупо панаҳ бурдааст, аслан як нафари ниҳоят манфиатҷӯю фурсатталаб аст. Вай ҳанӯз аз даврони ҷавониаш, ки ба наҳзатиҳо пайваста буд, ҳамеша ҳамҳизбони худро фиреб медод ва ҳар гуна вазъиятро ба манфиати худ истифода мебурд. Аз аввали фаъолияташ дар ТТЭ ҲНИ дар кадом мақоме ки набуд, ҳамеша манфиат ба даст овардаасту сарват ҷамъ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи мухолифини тоҷик қарор дошт, баъди фирори ин гурӯҳ на бо онҳо ба Афѓонистону Эрон мегурезад, балки ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия паноҳ мебарад. Ба замми ин, ба боварии роҳбарияти собиқи ҳизбашон даромада, бо истифода аз маблаѓҳои ТТЭ ҲНИ дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ФР таҳсил мекунад. Ба ин восита ӯ ҳам маълумоти олии дипломатӣ мегирад ва ҳам худро аз олудагии бевосита дар ҷанги ба истилоҳ «бародаркуш» дар канор мегирад.
Бо ин ҳам қаноат накарда, Кабирӣ солҳои навадум дар Москва бо мақсади бештар аз худ кардани пулҳои аз сарпарастони хориҷӣ ба дастомада, ташкилоти ҷавонони ба ном исломиро созмон медиҳад ва фаъолияти тахрибкоронаашоро дар байни муҳоҷирони тоҷикистонӣ анҷом медиҳад. Аз ҳисоби ҳамон пулҳои наҳзатӣ вай дар Москва соҳибкорию тиҷоратро низ ба роҳ мемонад. Яъне вай он вақт бо вуҷуди ҷавон буданаш хуб дарк карда буд, ки барои дар оянда ба мақоми раҳбарии ин ҳизб расидан маблаѓи калон даркораш мешавад. Ҳамин тавр, омодагии ҳаматарафа медид, ҳам таҳсил мекарду мақомашро дар назди роҳбарияти худ мустаҳкам месохт ва ҳам пул ҷамъоварӣ мекард.
Як қисми масъулони наҳзатӣ чунин хислатҳои Кабириро дарк карда буданд ва дар аввали ба мақоми раисӣ расиданаш бо ӯ мухолифат доштанд. Аммо Кабирӣ тадриҷан чунин нафаронро дар дохили ҳизб мавриди фишор қарор дода, ҳар гуна ҳаракати берун аз манфиату хости худро аз байн бурда буд. Солҳои баъдӣ Кабирӣ тамоми дороиҳо ва маблаѓҳои аз хориҷ воридшавандаро зери назорати худ гирифта буд ва ба манфиати худу наздиконаш истифода мебурд.
Дар замони ҳамчун раиси ТТЭ ҲНИ ва вакили парлумон фаъолият карданаш, ҳамаи вакилон медонистанд,ки Кабирӣ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки бештар молу пул ҷамъоварӣ кунад. Аз ҳисоби пулҳои сарпарастони хориҷиаш дар Тоҷикистон ҳар гуна иншооту манзилҳо ба даст меоварду онҳоро ба номи наздиконаш сабт мекард, воситаҳои пулкоркуниро ташкил медод.
Кабирӣ дар ҳақиқат ҳарис ва пулпараст аст. Аз ин рӯ, дар ТТЭ ҲНИ замони озодона амал карданаш амалҳои гирифтану додани пора ва умуман фасодкорӣ зиёд ҷой дошт. Доираҳои манфиатдори хориҷӣ маҳз ҳамин гуна хислатҳои Кабириро ба назар гирифта, бо вай муносибату ҳамкорӣ мекунанд ва ӯро мавриди истифода қарор медиҳанд. Ҳамин тавр, ин душманони илму дониш ва хоини миллату меҳан бо афкор ва андешаҳои догматикию схоластикӣ, кӯҳнаю фарсуда ва вопасгароёнаю бемантиқ мехосту мехоҳад,ки давлату ҳукуматро ба даст ораду миллати тоҷикро бадбахт гардонад, аммо фаромуш карда,ки;
Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад,ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Сафарбек Наҷмиддинов, узви Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ