ВОКУНИШ. Шояд шабакаи идеологии «паймони миллӣ» тайи як ҳафтаи охир бе мавзӯъ монда бошад. Зеро аз бозгашти узви «Паймони миллӣ» Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомасозиро тақвият бахшида, бозгашти ӯро ба Ватан маҷбурӣ арзёбӣ мекунанд. Ҳатто, Кабирӣ дар суҳбати онлайнӣ вақте доир ба масъалаи муносибат ва мавқеи Шарофиддин Гадоев дар ҳайати «Паймони миллӣ» сухан мегӯяд, эҳсос мешавад, ки бо вуҷуди хеле таърифу тавсифи шахси дуюм то ҷое аз заъфи сиёсии Шарофиддин низ сухан мекунад. Инро танҳо шахсе эҳсос мекунад, ки аз сиёсатбозиҳои Кабирӣ огоҳ аст.
Дар сӯҳбати онлайнӣ Кабирӣ пардапӯшона иброз медорад, ки айни ҳол кору фаъолият бо муҳоҷирони корӣ дар Русия дар мавриди тарғиби ақидаҳои «Паймони миллӣ» баробар ба маргу нобудист, вале Шарофиддин Гадоев бар муқобили афкори Кабирӣ ҳамкорро дар ин маврид ба мақсад мувофиқ меҳисобад. Агар дар як маврид бозиҳои наҳзатӣ бо сенарияи нав бо истифода аз бозгашти Ш. Гадоев ба Тоҷикистон дар Урупою шабакаҳои иҷтимоӣ оғозу роҳандозӣ шудааст, аз дигар тараф маълум мегардад, ки дигар ҳамтоёни М. Кабирӣ дар сиёсатбозӣ ба ӯ баробар шуда наметавонанд.
Ба ақидаи кӯчагӣ мори Кабирӣ ба аждаҳо мубаддал шуда, ӯ метавонад дар ҳар лаҳза атрофиёни мағзшустаашро дар дилхоҳ лаҳза ба якчанд пули пучак фурӯшад. Агар не, чаро Кабирӣ барои сафар ба Русия Ш. Гадоевро ҳамроҳӣ накард? Инҷо метавон хулоса кард, ки Кабирӣ аз бозгашти Ш. Гадоев ба Ватан шояд огоҳӣ дошт, ё шояд сенарияи нави ҳангомасозиро мехоҳад бо роҳи тавтеи нав дар ҷомеа роҳандозӣ карда бошад. Зеро пахши онлайнии суҳбати Шарофиддин Гадоев ба Ватан баъди бозгашт дар шабакаҳои иҷтимоӣ баёнгари гуфтаҳои болост. Он суҳбатҳое, ки Шарофиддин Гадоев дар мавриди «Агар ман аз Русия барнагаштам, дониста бошед, ки манро куштанд ё дуздиданд!», маълум аст, ки пушти ин бозӣ чӣ мақсаду ҳадафи навбатии хоинонаи наҳзатӣ мавҷуд аст.
Месазад, ки ҳар як сӯҳбату гуфтори мухолифинро дар доираи ақли солим ҳамаҷониба таҳлилу ба дарки ҷомеа расонида бошем. Зеро ин хоинон аз амалҳои хоинонаи худ то рӯзи фано шудан даст намекашанд. Ин гурӯҳҳои асолатбохта миллатсозию давлатсозиро кори хеле саҳлу содда ва яксолаю дусола меҳисобанд, ки ба гумони солим ақидаи мазкур ғайри қобили қабул аст.
Тоҷикистон алорағми ҳама мухолифатҳои фарзандони нохалафаш пеш меравад. Ва барои расидан ба ояндаи дурахшони миллат танҳо ва танҳо якдигарфаҳмию меҳнати софдилонаи ҳамаи ҳамватанон лозим асту халос.
Барои расидан ба ҳадафи давлатсозӣ месазад, ки атрофи сиёсати Роҳбари давлат сарҷамъ бошем ва амали неке барои ободии диёри аҷдодӣ карда наметавонем кӯшиш кунем, ки бадкор набошем. Дар ин ҷода ба ҳамаи ҳамватанон барору комёбӣ мехоҳам.
Толиб Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин