БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бузургтарин ҷиноят дар назди Худову бандагонаш ин санг андохтан аз беруни кишвар ба хонадони хешаст!

ВОКУНИШ. Шарофиддин Гадоев рафт ва бигузор равад. Ӯ аз мо набуд ва бо мо набуд. Бигузор бо хоинони Ватан бошад. Аминем, ки баъди чанде атре зи хоки Ватан орзу мекунад.

Бе ҳеҷ тардид хиёнат ба Ватан ва миллат нобахшиданист ва инсоне,ки нисбати диёру миллати худ, зодбуму маҳалли зисташ беэҳтиромӣ мекунад, наметавон ӯро аз бани башар ҳисоб кард. Инсоне, ки ба намакдони хонадони худаш носипосӣ мекунад, то куҷо ӯ метавонад ба диёри дигар вафодор монад? Дар зиндагӣ танҳо касе метавонад соҳиби иззат ва эътибор бошад, агар ба Ватани хеш дар ҳар шароиту ҳолат вафодор монад.

Шукри Худо ва шукронаи тинҷию оромии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои амну амон саодатмандона ҳаёт ба сар мебарем, ватанамон рӯз аз рӯз обод мегардад. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон ба вуқӯъ мепайвандад, дар ниҳоди мардум он умеду орзуеро таҳким медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи дурусти рушди соҳаҳои муҳими зиндагӣ – иқтисоду иҷтимоъ, фарҳангу тандурустӣ, илму маориф ва аз ҷумла, соҳаи ҳассоси дину эътиқод қарор дорад.

Соҳаи эътиқодро ҳассос гуфтанамон асос дорад, чунки ҷомеаи мо аз даврони қабул ва ҷорӣ шудани дини мубини ислом ҷомеаи суннатии маънавибунёд буд ва ҳаст. Мардум дини мубини исломро решаи ахлоқу адаб ва фарҳангу маънавиёти худ меҳисобанд ва ин комилан дуруст аст.

Ин аст, ки инсон дар ниҳоди худ бояд ченаки адлу инсофи фардии хешро дошта бошад. Худ ба худ Кабирӣ ё ин, ки сагбачагонаш суол диҳад, ки аз он ки ту санги маломат бар давлат мезанӣ, худ чӣ хидматеро дар назди ин миллат адо кардаӣ? Ҳамеша инсон бояд бо мафкураи солим ва ақлоният кор кунад ва илло инсонҳое, ки дар давоми умр даст ба фитна, ҷиноят мезананд, дили нопок доранд, ба монанди Шарофуддину Кабирию дигарон, ки алакай чеҳраи аслию манфури онҳоро мардум мешиносанд ва баҳо медиҳанд ва симои нопоки онҳо байни мардум зоҳир шудааст. Махсусан бузургтарин ҷиноят дар назди худову бандагонаш ин санг андохтан аз беруни кишвар ба хонадони хеш, ки он ҷо хуни нофат рехтааст, мебошад. Худро зодаи он макон донистан вале маломат боридан бар сари диёри хеш.

Дӯстов Рустамҷон, муовини раис-мудири

 шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg