МӮЪМИНОБОД. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Стансияи эпидемиологӣ»-и ноҳияи Мӯъминобод хониш сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он кормангдони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан масъулин иштирокдоронро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо дар корҳои оянда муваффақиятҳо орзу намуданд. Инчунин, дар идомаи суҳбат Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, амалисозии ҳадафҳои барномавию Оинномавии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, кормандони соҳаро барои бештар ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ раҳнамоӣ намуданд.