БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паёми Пешвои миллат - раҳнамои мост!

ҶАЙҲУН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии “Омор”-и Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Бекмамадов Асалмамад ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии Омор Холмуродов Акбаршо ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф зимни баромади худ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми дастоварду комёбиҳои соли 2018 – ро дарбар гирифта, ҳамзамон дар он роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ба таври амиқ дарҷ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Бекмамадов Асалмамад қайд карданд, ки ба кор андохтани агрегати якуми Нерeгоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин ҳамаи мо ҳизбиёнро зарураст, ки дар амалӣ гардидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg