БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тани солим- ақли солим аст

Ш.ШОҲИН. Дар ташкилоти ибтидоии «Канзи Шифо»  тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба  расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Вохӯриро  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Абдуҷаббор  оғоз карда дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани  солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» суханронӣ намуд. Баъдан аъзои фаъоли ҳизб Бахтовари Мирзомад ба сухан баромада,  доир ба нақши ҷавонон дар таҳкиму пешравии  давлатдорӣ  суханронӣ намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии «Канзи Шифо»  Боронова Меҳринисо ба сухан баромада,  пешниҳод намуд, ки татбиқи амалишавии Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем! » барои боз ҳам ободу зебо гардонидани гирду атрофи корхона ва шинонидани гулу гулбуттаҳо  иқдоми хайрхоҳонае хоҳад буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg