БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аёдати беморону барҷомондагон беҳтарин рисолати инсонист

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бонкчиён”-и вохӯрии навбатии худро  баргузор намуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид доир ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, бо дастовардҳои назарас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ,  инчунин  Рӯзи  Модар  суханронӣ намуда, ҳамагонро бо фарорасии идҳои дарпешистода шодбош гуфта, ба корҳои ободониву созандагӣ даъват намуд.

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботӣ- амалии Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Бонкчиён” Неъматзода Даврон ба як нафар оила ниёзманди ҷомеа аз  ҷамоати  шаҳраки  Совет Арзиев Сафар, ки дар оила фарзанди бемор дорад,   маводҳои ғизоӣ  кӯмак  расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg