БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кӯдакон меваҳои шаҳдбори давлату миллатанд

ФАРХОР. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии  ҳизбии «Боғчаи №2» мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар мулоқот муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Дустов Рустамҷон, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муъмурбӣ Раҳимова ва Абдулҳақзода Бахтиёр иштирок намуда, вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои Оинномавию барномавии  ҲХДТ, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бармеояд, ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки таҳкими андешаи миллӣ, густариши худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ низ аслҳои Оинномавии ҲХДТ мебошад.

Паҳлӯи дигари суҳбат фарогири шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» буда, дар охир аъзои  ташкилоти ибтидоӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ, аз қабили тоза кардани гирду атрофи бинои боғча, сафед ва нарм намудани бехи дарахтонро  иҷро намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg