БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешавад

ҚУБОДИЁН.Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Алоқачиён” хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар мавзӯъи “Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешавад” суханронӣ намуда,  аз иштирокдорон ҷиҳати боз ҳам рушд додани корҳои ободониву созандагӣ даъват  ба амал овард.

Инчунин, мавсуф  оид ба нуктаҳои Паёми  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар андешаронӣ карда, қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид,  ки баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад.

Дар фароварди вохӯрӣ аъзои ташкилоти ибтидоии “Алоқачиён” якдилона барои кабудизор намудани маркази ноҳия камари ҳиммат баста, гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан шинониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg