МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Идораи нозироти андози ноҳия хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров дар мавзӯъи «Ободии кишвар аз ободии маҳал сар мешавад», нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ кишвар андешаронӣ намуд.
Дар охир намояндаи Нозироти андоз Забиров Маҳмадалӣ оид ба риояи талаботи Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда қайд кард, ки мо бояд дар байни мардум суҳбату корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монда, ба онҳо фаҳмонем, ки сари вақт андозро пардохт намоянд.