Ҷ.БАЛХӢ.Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баргузории мулоқоту вохўриҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “ҷамоати шаҳраки Балх”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо кормандони масъули ташкилоти ибтидоӣ вохўрии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар вохўри муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубону иштирок дошта оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асасии Паёми Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин зиёд намудани аъзоён аз ҳисоби ҷавонон ибрози андеша намуд.