БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбе, ки пойдории миллат мароми ўст, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст!

ПАНҶ. Дар маҳаллаи Пашори ҷамоати деҳоти Пашори ҷамоати деҳоти Нури Вахдат ҷиҳати иҷрои ҷадвали вохўриву сўҳбатҳо  мулоқот роҳандозӣ гардид.

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабиниҳо дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ин фаҳмонидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба мардуми маҳал мебошад.

Нахуст Ғафуров Сайдамир -мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва мактуботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   доир ба моҳияти «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андешарони намуд.

Баъдан зикр шуд, ки бо дарназардошти он, ки соли 2019 дар вилоят Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ эълон гардидааст бинобар ин Кумитаи иҷроия дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар ҳар як маҳаллаю деҳоти ноҳия  ҷиҳати ободонию  бунёдкорӣ тадбирҳои мушаххасро  ба   роҳ  монад. Дар ин асно амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ, ҳизби «Якҷоя ҳал мекунем!»  айни муддао мебошад.

Дар идома мавсуф  доир ба хатарҳои  ҷаҳони имрўза ба монанди терроризму экстремизм, ки яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ ва Истқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд, қайд намуда, даъват ба амал овард, ки  дар мубориза  алайҳи ин омили  хатарноки ҷомеа ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар бетараф набошад.

Дар охир бо қувваи сокинони маҳал кўчаҳои маҳалла сангфарш карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg