БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зодгоҳи Қаҳрамони халқ-Восеъро ба макони хуби сайёҳӣ табдил медиҳем

ХОВАЛИНГ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Восеъ” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Аз баромад аъзои ҳизб дар бораи бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, хавфу хатари терроризм ва роҳҳои мубориза ба муқобили он, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, хатари ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии он ба урфу одат ва фарҳанги миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, роҳҳои аз байн бурдани нашъамандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ва дигарҳо маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Зиёвуддин Раҷабализода, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Нуралӣ Ситамов, аъзои ҲХДТ Раҷабалӣ Камолов, ки ҳамаашон кормандони Осорхонаи таърихи Шӯриши Восеъ мебошанд, дар баромадашон дар асоси пешниҳоди нави Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон кардани солҳои 2019-2021  бо азми қавӣ ваъда доданд, ки зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик-Восеъро ба макони хуби сайёҳӣ табдил медиҳанд. Дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилот ба тарбиягирандагони Маркази тавонбахшии ноҳия ба миқдори муайян маводи хӯрока  дастрас намуданд.

Роҳбари Марказ Файзалӣ Шарифов дар баромадаш ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Восеъ” барои расонидани чунин кӯмак изҳори миннатдорӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg