БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабинӣ дар ростои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ

КУШОНИЁН.Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   дар ноҳияи Кушониён  вохӯрии навбатии кормандони  масъули он дар  ташкилоти ибтидоии “Шаҳром”  доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  оид ба ҳадафу маром ва муҳтавои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вазифаҳои ҳизбиён дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи  Паёми Пешвои миллат андешаронӣ карданд.

Сипас, дар қисмати амалии Аксияитарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба се нафар корманди ниёзманди ташкилоти номбурда  Буронов Алишер ба маблағи 2000 сомонӣ, Ҳасанов Нормурод 600 сомонӣ ва Олтибоев Холбозор 2500 сомонӣ  кӯмакҳои молиявӣ расонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg