БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хонаи ҳамватанро чароғон мекунем!

НОРАК. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таъмиргар” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Муслима Ғуриева иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни баромади худ  Ғуриева Муслима  оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва масъалаи ташвишовари ҷомеаи имрӯза, яъне терроризму экстремизм, дар бораи вазъи занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомузӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила суханронӣ намуда, иброз дошт, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи ҷонии ҳар яки мо буда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, тарбияи насли наврас, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлол, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона талош варзем.

Инчунин, Нуриддин Раҳимов раиси  ташкилоти ибтидоии  ҳизбии “Таъмиргар” оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg