БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизби созанда ва бунёдкор дар ҷомеаи имрӯза!

ЛЕВАКАНТ.Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Нозироти андоз»-и шаҳри Левакант оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Суҳроб Валиев суханронӣ намуд.

Зимнан Суҳроб Валиев дар бораи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат бар меояд, андешаҳои хешро баён карда, иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонаи Роҳбари давлат содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан вазифаи шаҳрвандии мо мебошад.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба эълон гардидани солҳои  2019-2021 Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои ободонию созандагӣ даъват кард.

Баъдан Аксияи ҳизбӣ таҳти  унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардида, кормандони муассисаи номбурда дар шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва  гулҳои ороишӣ дар бинои мазкур саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg