БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Беҳтарин хайр кӯмак ба ятимон аст!

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш” бо васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

 Нахуст, дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Орзу Ҳамидиён оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз устуворона пеш рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш”  Ҳикматов Абдукарим қайд намуд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки танҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст, пайваста иқдом хоҳанд кард.

Дар идома нашри махсуси  “Ҳамрози халқ” ба  мардум дастрас карда шуд.

Дар охир зимни Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ба як нафар ятими кулл сару либоси баҳорӣ ва лавозимотҳои хониш тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg