КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Навобод” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуданд.
Вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ ба 15 нафар занони танҳо ва маъюбон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.