БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба муносибати Рӯзи Модар фаъолзанони ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи «Рӯзи Модар» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати маорифи вилоят» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрузи Абдулло иштирок дошта, аз номи Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон тамоми бонувону модарони ҳузурдоштаро бо фарорасии фасли баҳори нозанин ва иди бузурги – «Рӯзи Модар» муборакбод намуд.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон 35 нафар фаъолзанони ҳизбӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин дар ин рӯз сардори Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Исозода Диловаршоҳ модарону бонувони иззатманди ҳузурдоштаро ба муносибати «Рӯзи Модар» самимона табрик намуда, занонро бо Сипосномаҳо қадрдонӣ намуд.

Шоирону адибони Хатлонзамин ва узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Озар Салим, Амиршои Хатлонӣ, Чӯпон Бадал, Акрами Ризом ва Сайдҷаъфар Баёзӣ бо шеъру ҳикоятҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида намуда, аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ шеърҳо дар васфи «Модар» қироат гардиданд, ки шаҳомату қудрати Зан-Модарро инъикос мекарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg