БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Давидани гӯсола то коҳдон

ВОКУНИШ.Паёмбари Худо Муҳаммад (с.а.в.) дар ҳадиси мубораки худ овардааст, ки «Ҳуббул Ватани минал имон».  Яъне ватандорӣ як гӯшаи имондорист. Вақте, ки Паёмбари Худо (с.а.в) мартабаи Ватанро дар дини мубини ислом баробари имон донистааст, пас ин марҷунҳои охиразамон сухан дар васфи кадом ватану ватандорӣ мегӯянд. Инсони комил ва ё мусалмони ҳақиқӣ ҳамон шахсест, ки забону дилаш як бошад ва  зиёнаш ба касе нарасад.

Чандест, ки боз дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои марбут ба наҳзатиҳо, аз он ҷумла «Паём.нет», «Ислоҳ», минбари шиаҳо «Кимиёи саодат» ва «Ахбор.ком» сару садоҳо оид ба ташрифу гусели Шарофиддин Гадоев, ки яке аз аъзои фаъоли «Паймони миллии Тоҷикистон» мебошад, сару садо ва ҳангомаҳои беасосу дуруғро тарғибу ташвиқ карда, худро бегуноҳу ҷабрдида нишон додаистодаанд.

Аз он, ки мақомоти Тоҷикистон бо як масъулияти баланд, бозгашту гусели Гадоевро, ки як муҳоҷири оддист таъмин намуданд ин шаҳодати мардонагиву матонати ниҳодҳои ҳукуматист, ки нишонаи олиҳимматии истиноист. Аммо Кабирии лаъин аз он, ки Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон баргашт, якбора талхакафу гулугир шуд, зеро қаноти асосииаш шикаста шуд, зеро назди хоҷагонаш додани ҷавоб мушкил гардида, нақшаҳои иғвоангезашон ботил мемонад. Кабирӣ ягона давои дардашро бо ҷалби баъзе аз ҷавонони нокому фирефтаи шабкаҳои иҷтимоӣ донисту хост мафкураи мардумро ҳамчун ҳезум дар оташ истифода намояд. Акнун, ки Гадоев ба Аврупо баргашт нафаси Кабирӣ кушода ва қомати хамгаштааш рост гардид. Мо мардуми Тоҷикистон ба Кабирии иблис такрор ба такрор муроҷиат намуда мегӯем, ки Гадоев Шарофиддин ва дигар ҳамдастону ҳаммаслаконат ба Тоҷикистон даркор нест, бигузор ӯ ба худат насиб кунад.

Суоли дигаре зеҳни бисёриҳоро даргир намудааст, ки чаро Гадоев ба Тоҷикистон омаду модари ҷигарсӯхтаашро боз ҳам танҳо гузошта, якбора ба Авруппо баргашт, ҷавоб мушаххас ва мисли оина равшан аст, ин ҳам бошад таҳдиди хоҷагон ва адои қарзҳои Пешвоёнашон аст, ки солҳои аввали навадуми асри гузашта, хӯрдааст.

Дар сомонаи Паём.нет, ки пойгоҳи такфирӣ дар Аврупост марҷунҳои ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ ба Ватану миллати хеш хиёнат намуда, беасос ба шахсиятҳои муътабар ба мисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон часпида, иқтидори ниҳодҳои ҳукуматиро ба шубҳа мегиранд. Барои ин манкуртҳои иғвоангез бозгашти Гадоев як мушти обдори маънавист.

Ақидаи ин сомонаи шайтонмиҷоз, то сарҳади ғайриахлоқиеро  убур кардааст, ки дар ҳар пешравиҳои Тоҷикистон сиёҳӣ ва дар рушду нумуи кишвари ваҳдатофару офтобрӯяи мо торикие меёбаду онро ба ҳамагон, хоса ҷаҳониён  ба таври манфӣ муаррифӣ мекунад.

Хушбахтона, имрӯз тамоми дунё ва кулли тоҷикони ҷаҳон аз қудрату бузургвории Пешвои муаззами миллат, сиёсатмадори варзидаи ҷаҳони ислом огаҳанд ва мактаби сулҳофарии ӯро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Такрор ба такрор ба шайтонҳои лаъин ва мусалмонони мунофиқ муроҷиат намуда, гуфтанием, ки ба иғвопардозиҳои худ хотима бахшанд, зеро дигар касе шуморо бовару эътироф намекунад.

 

Мақсудҷон Раҳматуллоев - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg