БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аъзои ҲНИ ба ном “дилсӯзони” миллати тоҷик!

ВОКУНИШ. Таи ду се ҳафтаи охир дар воситаҳои ахбори омма, махсусан шабакаҳои интернетӣ бо як шуру валвалаи ба ном “дилсӯзони” миллати тоҷик пайдо шуданд, ки ба Шарофиддин Гадоев бахшида шудааст.

Бо гузориши ин хабарҳо гӯё Шарофиддин Гадоевро ҳангоми ба шаҳри Москва омаданаш сохторҳои қудратии Тоҷикистон дуздида ба Душанбе овардаанд ва баъди чанде ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, изҳор дошт, ки “аз карда пушаймон аст ва бо хоҳиши худ ба Душанбе омадааст”.

Вале ба ҳамаи ин иқроршавӣ нигоҳ накарда, дигар хоинону ҳаммаслакони ӯ ҷор мезананд, ки ӯро сохторҳои қудратии Тоҷикистон дуздида бурдаанд. Дар ин ҷода махсусан хоини дигари миллати тоҷик Сулаймон Давлатов хело кӯшиш намуда, боз ба сари миллати тоҷик туҳмату буҳтон рехт.

Баъд аз тамошои ин наворҳо кас ҳайрон мемонад. О рафиқон Шумо ба кӣ лозимед? Ки шуморо дуздида меорад. Ватану миллат аз шумо барин фарзандони нохалафу ватанфурӯш ҳазор бор безоранд ва шуморо чашми дидан надоранд.

Миллати шарифи тоҷик заҳри қотили дассисаву иғвоҳои шуморо аз солҳои  1990 инҷониб дар ком дорад ва таъми он ҳеҷ гоҳ гум намешавад. Шумо ба ин Ватану ба ин миллат ҳеҷ гоҳ лозим нестед. Шумо танҳо ба хоҷагони хориҷии худ, ки маблағҳои ҳангуфти онҳоро хӯрдаед, даркореду бас. Зеро бояд шумо ба ивази он маблағҳо ба Ватану миллати хеш дассисаю иғво андозед.

Мардуми шарафманди тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ аз пайи шумо хоинони миллату ватанфурӯшон нахоҳанд рафт ва ба найрангу дассисаҳои шумо ҳеҷ гоҳ бовар нахоҳанд кард.

Боварии комил дорам, ки миллати тоҷик бо шукргузорӣ аз ин пешрафту ободӣ, тинҷию амонӣ ба шумо лаънат мехонанд ва руҳу арвоҳи гузаштагони бузурги ин миллат низ шуморо хеҷ гоҳ намебахшанд.

Боқи ҳаволаатон ба худои ҷаббор!

Шарифзода Маҳмадаюб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg