Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем!

ВОКУНИШ.Мо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доимо аз расонаҳои хабарӣ огоҳӣ дорем, ки як зумра ҳамватанони бурунмарзии мо хоинони миллат, ҷонибдорон  ва азои Ҳизби Наҳзати Ислом ба худ ниқоби дигар дарбар карда,  ба ҳар гуна ном   созмонҳои оппозитсионӣ ташкил карда, худро ба ҳайси чеҳраи нави  сиёсии дар мамлакатҳои хориҷ муаррифӣ карда истодаанд.

Дар асл бошад инҳо ҳамонҳое ҳастанд, ки чеҳраи воқеъии онҳоро мардуми Тоҷикистон мешиносад ва хуб ҳам медонанд. Ин  афрод аслан ватанфурӯш, беномус, хиёнаткор, ҷинояткор, зархаридон, косалесони хоҷагони хориҷӣ мебошад.

 Имрӯзҳо фазои оламро пайваста таркишҳо фаро гирифта, дар Сурияву Ироқ, Афғонистону Покистон амалҳои террористӣ анҷом дода мешаванд. Дар натиҷа мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯчаву хиёбонҳои зебои шаҳру деҳот ғарқи хун гашта, ба ҷои хандаву суруд, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад.

Муҳим нест, ки ин таркишҳоро кадом гурӯҳ анҷом медиҳад, муҳим он аст, ки мардум аз макри душман бепарво гашта, зиракиро аз даст додаанд.

Ҳар гурӯҳ мехоҳад ҳадафҳои худро ба воситаи хуни мардуми бегуноҳ пиёда созад, аммо дар ҳолати нооромӣ худ дар хориҷа қарор мегирад. Масалан, ҳам террористони «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва ҳам ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи 24» мардумро даъват мекарданд, ки ба майдон бароянд ва аз онҳо ҷонибдорӣ кунанд. Мақсад як буд, обро лой карда моҳӣ гирифтан аст.

Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадум дар майдони «Шаҳидон» кадом шиорҳо буд ва кадом ояту ҳадис бо тафсиру таъвилҳои ҳайратовар ба мардум расонида мешуд. «Озодӣ», «истеъфо», «аз хоби гарон хез» - дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуд, ки дар натиҷа мардум чунон аз хоб хестанд, ки қариб буд, давлату миллат аз байн равад.

Боиси тааҷҷуб аст, ки чунин гурӯҳҳо ё ҳизбҳои ба ном исломӣ, баъзе эшону муллоҳои худхоҳу дунёпараст барои ислом ягон хизмат накардаанд. Кадом гурӯҳ ё ҳизби исломӣ мувофиқи фармудаи шариат, сирф барои ризогии Худо беморхона, мактаб ё ақаллан масҷиде бино кардааст? Кадоме аз эшонҳои маъруф ё муллоҳои машҳурро дидаед, ки ба ятимхонае кӯмак карда ё дасти афтодаеро гирифта бошанд? Мутаассифона мо бештар аз онҳо иғвогарӣ ва тафриқаандозиро мушоҳида мекунем.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили

фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Дар робита ба хавфи экстремизм ва терроризм рӯзи 4 май дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин намояндагони дигар ташкилоту созмонҳои бонуфуз иштирок карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму экстремизм, қурбон гаштани ҳазорон мардуми бегуноҳу бе хонаву дар мондани миллион нафар, зарурати таҳияи тадбирҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии ин зуҳуроти манфӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, гуфтанд: "Мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани "ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд. Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ.”

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол нисбат ба гуруҳҳои террористиву ифротӣ аз меъёрҳои дугона кор мебаранд, ки куллан қобили қабул намебошад.

Президенти кишвар бори дигар аз дини аҷдодии мо дар арсаи ҷаҳонӣ дифоъ намуда фармуданд, ки набояд терроризм ба номи ягон дин, аз ҷумла ба дини Ислом баста шавад: "Бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

Мо куллӣ вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (даъвати панҷум) ба мавқеи гурӯҳҳои ҳукуматие, бархоста иддао дорем, ки мафҳуми Модар-ватан, миллати кӯҳанбунёди тоҷик барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон азизу муқаддас аст, дастгирӣ менамоем.

 

     

Шамсулло Абдураҳмонов, узви Гурӯҳи  вакили ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg