Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Домгузорӣ ва ҳиллаю найранги наҳзатиҳои террорист

ВОКУНИШ.Маълум аст, ки терроризм ва экстремизм дар таърихи инсоният ҳодисаҳои нав нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ,  ӯ нафароне, ки барои ҳокимият талош мекунанд даст ба зӯрӣ, тарсу ҳарос, даҳшатафканӣ ва тарсонидани одамон зада буданд, террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш истифода мебурданд.

Ва яке аз чунин ташкилоти террористие, ки тираш хок хӯрдааст, ин ҲНИ мебошад, ки бо ҳар роҳ ташкилоти  экстремитиашонро бо номҳои дигар, дар шаклу ҷомаи нав мехоҳанд рӯи саҳна оранд, вале ин фиребашон асло ба кор намеравад. Чунки, террористон ва пуштибону хоҷагонашон дарк намуданд, ки мардум дигар фирефтаи пушти ҳарзагӯиҳои онҳо намераванд.

Мардуми тоҷик худ дарк намуд, ки чи балоҳое ба сарашон ин ҳизби мардумфиребу найрангбозу террорист овард. Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ ва боҳушона тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.

Дар Паёми худ, ки ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа намуданд, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян ва  вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Бояд тазакур дод, ки нисбат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар Паёмҳои худ, балки аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои муборизаи муштарак ба ин зуҳуроти номатлубу бешараф даъват намуданд.

О.Зикруллоева, вакили ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви      ноҳияи   Балҷувон                                                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg