ВОКУНИШ.Зархаридони хориҷӣ зери ниқоби “Паймони миллии Тоыикистон” ба тариқи васоити ахбори омма ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ зимни мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили Ваҳдати миллӣ дар Ватани азизи мо муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор доданӣ мешаванд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чамбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард.
Ин ҳама ғайр аз ҳангомасозӣ ва гумроҳсозии ҷавонони Тоҷикистон чизи дигаре нест, зеро дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро, ки давраи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанду то ҳол хонаводаи тоҷик алами онро фаромӯш накардааст дигар фирефтаи дурӯғу дассисаҳои хиёнаткорони миллати тоҷик нахоҳанд гашт.
Сулаймон Давлатов аз он ҷавононест, ки шояд “шаҳду шакари” ҷанги шаҳрвандиро начашида бошаду оқибати онро дарк накарда бошад.
Дастовардҳое, ки солҳои охир Тоҷикистони азиз ба даст овардааст, шароити зисту зиндагии мардуми он ба давлатҳоеро, ки Сулаймон Давлатов ҳаваси онро мехӯраду орзу мекунад, баробар аст.
Носири Хусрав гуфтааст, ки;
Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К - имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ.
Сулаймон Давлатов низ пеш аз ҳарф гуфтан аз худ маротибае мепурсид, ки чӣ ҳиммати ҷавонмардӣ нисбати миллати тоҷик нишон додааст, кадом гӯшаи Тоҷикистонро бо ҳаммаслакони худ обод намудааст ва умуман дар умри на он қадар дарози худ дарахте сабз намудааст?! Суханҳояш аз ҳарзагӯиҳои шахси бемори аз ақл берун дигар чизе нест.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷавонони даврони истиқлолияти Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароитҳои фароҳам буда, дар паи омӯзиши илмҳои замонавӣ буда, фирефтаи зархридон ба мисли Сулаймон Давлатов нахоҳанд гашт.
Ҳайфи гумроҳон ба мисли Сулаймон Давлатов, ки аз неъмати даврони истиқлоли Тоҷикистон, аз дастовардҳои Тоҷикистон, аз файзу баракат, осмони софу беолоиш ва офтоби нурпоши Тоҷикистони азиз ҳаловат бурда наметавонад ва қалби худро бо кибру ғурури бегонапарастӣ пур намуда, хешу наздикони худро, пеш аз ҳама падару модари худро, ки неъмати бебаҳо барои ҳар як фард аст зери борони хиҷолат мемонанд.
Шукрона аз он бояд кард, ки зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик рӯ ба рушд ниҳода, дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи зархаридони хориҷӣ нахоҳанд гашт!
Абдураҳимова Фирӯза, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён