ХУРОСОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон» атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карданд.
Инчунин, дар идома доир ба Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ тахти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда шуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки он маблағҳое, ки дар маъракаҳои азодориву тӯйҳои хурсандӣ сарф мекунанд, беҳтар мешуд, дар обод кардани гӯшае харҷ намоянд. Сокинон тавсияҳои судманди масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд.